Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Китоби «То абад зинда бошед!»-ро истифода бурда имонатонро ба Яҳува ва Исо қавӣ гардонед

Китоби «То абад зинда бошед!»-ро истифода бурда имонатонро ба Яҳува ва Исо қавӣ гардонед

Барои писанди Худо шудан омӯзандагон бояд имони қавиро инкишоф диҳанд (Ибр 11:6). Дар ин кор мо ба воситаи китоби «То абад зинда бошед!» ба онҳо кумак карда метавонем. Ин маводи омӯзишӣ оятҳои асосӣ, матни фаҳмо, саволҳои ҷолиб, видеоҳои таъсирбахш ва расмҳои зеборо дар бар мегирад. Вақте ба омӯзандагон ёрдам мекунем, ки хислатҳои хубро инкишоф дода ба Яҳува наздиктар шаванд, мо гӯё аз ашёҳои ба оташ тобовар хона бино мекунем (1Қр 3:12–15).

Бовари баъзеҳо намеояд, ки бо Худои нонамоён дӯстӣ кардан мумкин аст. Аз ин рӯ ба мо лозим аст, ки имони ин гуна касонро ба Яҳува, Худои меҳрубон, қавӣ гардонем.

ВИДЕОНАВОРИ «БА ВОСИТАИ КИТОБИ “ТО АБАД ЗИНДА БОШЕД!” ИМОНАТОНРО БА ЯҲУВА ҚАВӢ ГАРДОНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Мо аз куҷо медонем, ки хоҳар ба омӯзиш нағз тайёрӣ дид?

  • Чӣ тавр ӯ бо ёрии саволҳои иловагӣ фикру ҳиссиёти омӯзандаашро дар бораи оятҳои Ишаъё 41:10, 13 фаҳмид?

  • Видеонавор ва оятҳои Китоби Муқаддас ба омӯзанда чӣ тавр таъсир расонданд?

Бисёри одамон намефаҳманд, ки барои чӣ Исо ҷонашро қурбон кард ва товонро атои Худо намеҳисобанд (Ғл 2:20). Барои ҳамин мо бояд ба онҳо ёрдам кунем, ки ба қурбонии Исо имон пайдо кунанд.

ВИДЕОНАВОРИ «БА ВОСИТАИ КИТОБИ “ТО АБАД ЗИНДА БОШЕД!” ИМОНАТОНРО БА ИСО ҚАВӢ ГАРДОНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Мо аз куҷо медонем, ки бародар ба омӯзиш нағз тайёрӣ дид?

  • Чӣ тавр ӯ маълумоти бахши «Дида бароед»-ро ба ниёзи омӯзандааш мувофиқ кард?

  • Чаро барои рӯҳан пешравӣ кардани омӯзанда дуо муҳим аст?