Забур 86:1-17

  • Худое мисли Яҳува нест

    • Яҳува бахшанда аст (5)

    • Халқҳо Яҳуваро парастиш хоҳанд кард (9)

    • «Роҳатро ба ман таълим деҳ» (11)

    • Кумакам кун, то аз номат битарсам (11)

Дуои Довуд. 86  Эй Яҳува, гӯши худро хам намуда, маро бишнав ва ба дуоям ҷавоб деҳ,Зеро бечораву нотавонам.+   Ҷонамро нигаҳ дор, зеро ба ту бовафоям.+ Бандаатро, ки ба ту такя мекунад, наҷот деҳ,Зеро ту Худои манӣ.+   Ба ман лутф намо, эй Яҳува,+Зеро тамоми рӯз сӯйи ту мехонам.+   Бандаи худро шод гардон,Зеро ба ту, эй Яҳува, рӯ овардаам.   Ту, эй Яҳува, неку+ ва бахшандаӣ+Ва аз ҳамаи онҳое, ки туро мехонанд, меҳру вафоятро дареғ намедорӣ*.+   Эй Яҳува, дуоямро бишнавВа ба зориҳоям гӯш андоз.+   Дар рӯзи тангӣ сӯйи ту мехонам,+Зеро медонам, ки ба ман ҷавоб медиҳӣ.+   Эй Яҳува, дар миёни худоён ту ҳамтое надорӣ,+Ва корҳои ту бемислу монанданд.+   Ҳама халқҳое, ки ту офаридаӣ, эй Яҳува,Сӯят омада, сари таъзим фуруд хоҳанд овард+Ва номи туро ҷалол хоҳанд дод.+ 10  Ту бузургӣ ва корҳоят ҳайратангезанд,+Танҳо ту Худои яккаву ягонаӣ.+ 11  Эй Яҳува, роҳатро ба ман таълим деҳ,+То бо роҳи ростият равона шавам.+ Кумакам кун, то бо тамоми дил аз номат битарсам.+ 12  Туро, эй Худоям Яҳува, бо тамоми дил ситоиш мекунам.+ Номи туро то абад ҷалол хоҳам дод, 13  Зеро ба ман меҳру вафои бузурге нишон додӣВа ҷонамро аз даруни гӯр раҳо кардӣ.+ 14  Худоё, худбоварон бар зидди ман бархестаанд,+Ҷамъи бераҳмон қасди ҷонамро доранд. Онҳо туро писанд намекунанд.+ 15  Аммо ту, эй Яҳува, Худои меҳрубону дилсӯзӣ,Пурсабр* ва пур аз меҳру вафову ростӣ ҳастӣ.+ 16  Ба ман рӯ ор ва лутф намо,+Ба бандаат қувват бидеҳ+Ва ҷони писари канизатро халос кун. 17  Ба ман аломати некуиятро нишон деҳ,То бадбинонам онро дида, шарманда шаванд,Зеро ту, эй Яҳува, мададгору дилбардори манӣ.

Поварақҳо

Ё «ба ҳамаи... ба арзонӣ медиҳӣ».
Ё «Дар хашм оҳиста».