Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДАРСИ 2

Худои ҳақиқӣ кист?

Худои ҳақиқӣ кист?

1. Чаро мо бояд Худоро ибодат кунем?

Худои ҳақиқӣ ҳамонест, ки ҳама чизро офаридааст. Ӯ аввал надошт ва ҳеҷ гоҳ охир ҳам нахоҳад дошт (Забур 89:2). Ӯ Сарчашмаи хабарҳои нағзи Китоби Муқаддас аст (1 Тимотиюс 1:11). Азбаски Худо ба мо ҳаёт додааст, мо бояд танҳо ба Ӯ ибодат кунем. (Ваҳй 4:11-ро хонед).

2. Худо чӣ гуна шахс аст?

Ягон одам ҳеҷ гоҳ Худоро надидааст, зеро ки Ӯ Рӯҳ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки шакли ҳаёти Ӯ аз шакли ҳаёти офаридаҳои ҷисмонии дар рӯи замин буда баландтар аст (Юҳанно 4:24). Нигоҳ накарда ба ин, мо метавонем шахсияти Худоро аз чизҳои офаридааш фаҳмем. Масалан, гуногунии меваҳо ва гулҳо муҳаббат ва хиради Ӯро нишон медиҳад. Бузургии олам бошад, пурқудрат будани Ӯро исбот мекунад. (Румиён 1:20-ро хонед).

Мо дар бораи Худо аз Китоби Муқаддас бештар фаҳмида метавонем. Масалан, он мегӯяд, ки чӣ ба Худо маъқул аст ва чиро Ӯ бад мебинад, чӣ тавр Ӯ бо одамон муносибат мекунад ва дар ҳолатҳои гуногун чӣ гуна амал мекунад. (Забур 102:7–10-ро хонед).

3. Оё Худо ном дорад?

Бале дорад. Довуд-пайғамбар гуфт: «Худовандо, Худои мо! Чӣ қадар боҳашамат аст исми Ту дар тамоми замин!» (Забур 8:1). Ҳарчанд баъзеҳо мегӯянд, ки Худо бисёр ном дорад, ба монанди Парвардигор ё Худованд, инҳо унвонҳо мебошанд. Худо танҳо як ном дорад. Дар забонҳои гуногун он ҳар хел талаффуз мешавад. Масалан, дар забони ниёгони мо номи Худо «Яҳува» (يَهُوَه) талаффуз карда мешавад. Дар ояти Забур 83:18 дар Tарҷумаи Форсӣ чунин навишта шудааст: «Ва бидонанд ту, ки исмат Яҳува мебошад, батанҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ» (дар тарҷумаи тоҷикӣ ин оят дар Забур 82:19 навишта шудааст).

Номи Худо аз бисёр тарҷумаҳои Китоби Муқаддас гирифта шуда бо унвонҳои Худованд ё Худо иваз карда шудааст. Вале вақте ки Китоби Муқаддас навишта шуда буд, номи Худо дар он қариб 7 000 бор дида мешуд. Китоби Муқаддас моро ташвиқ мекунад, ки номи Худоро ба забон орем ва ҳамин тавр Ӯро эҳтиром кунем. Дар замонҳои қадим хизматгорони содиқи Яҳува, дар ибодат ва ҳаёти ҳаррӯзаашон озодона номи Ӯро ба забон меоварданд. Масалан, Исо-пайғамбар вақте ки ба одамон дар бораи Худо таълим медод, номи Худоро ошкор мекард. (Юҳанно 17:26-ро хонед).

Видеонавори «Оё Худо ном дорад?»-ро тамошо кунед.

4. Оё Яҳува моро дӯст медорад?

Худо мисли ин падари меҳрубон, барои беҳбудии давомноки мо амал мекунад

Оё гуфтан мумкин аст, ки азбаски одамон бисёр ранҷу азоб мекашанд, Яҳува Худо нисбати онҳо бепарво аст? Баъзе одамон мегӯянд, ки Худо бо мақсади озмудан моро азоб медиҳад, лекин ин суханон нодурустанд. (Яъқуб 1:13-ро хонед.

Худо азбаски одамонро эҳтиром мекунад, ба онҳо ҳуқуқи озодии интихоб додааст ва мо инро қадр мекунем. Масалан, оё мо хурсанд нестем, ки ба Худо ибодат карданро худамон интихоб карда метавонем? (Еҳушаъ ибни Нун 24:15). Вале бисёриҳо роҳи бадро интихоб мекунанд, ки аз ин дигарон азоб мекашанд. Дидани чунин беинсофӣ Яҳуваро ғамгин месозад. (Ҳастӣ 6:5, 6-ро хонед.

Яҳува Худоест, ки дар бораи мо ғамхорӣ мекунад. Ӯ мехоҳад, ки мо аз ҳаёт лаззат барем, на ин ки азоб кашем. Ба наздикӣ, Ӯ ранҷу азоб ва ҳамаи онҳоеро, ки сабабгори он ҳастанд, нест мекунад. Ҳоло бошад, Ӯ барои муваққатан роҳ додани ранҷу азоб сабаби асоснок дорад. Мо чӣ будани ин сабабро дар дарси 8-ум мефаҳмем. (2 Петрус 2:9; 3:7, 13-ро хонед).

5. Чӣ тавр ба Худо наздик шудан мумкин?

Яҳува моро даъват мекунад, ки дар дуо бо Ӯ наздик шавем. Вақте ки мо дуо гуфта ба Ӯ гап мезанем, ин дар ҳақиқат моро бо Ӯ наздик мекунад. Худо дар бораи ҳар яки мо ғам мехӯрад (Забур 64:3; 144:18). Ӯ тайёр аст, ки хатоҳои моро бахшад. Худо кӯшишҳоеро, ки мо барои ба Ӯ маъқул шудан сарф мекунем, қадр мекунад, ҳатто баъзан пешпо хӯрем ҳам. Барои ҳамин, нигоҳ накарда ба нокомилиамон, мо бо Худо муносибатҳои наздик дошта метавонем. (Забур 102:12–14 ва Яъқуб 4:8-ро хонед).

Азбаски Яҳува ба мо ҳаёт додааст, мо бояд назар ба ҳамаи дигарон Ӯро бештар дӯст дорем (Марқӯс 12:30). Чӣ тавр шумо муҳаббататонро ба Худо зоҳир карда метавонед?— Бо он ки дар бораи Худо зиёдтар дониш гиред ва он чиро, ки Ӯ металабад иҷро кунед. Ҳамин тавр, шумо ба Ӯ боз бештар наздик хоҳед шуд. (1 Тимотиюс 2:4 ва 1 Юҳанно 5:3-ро хонед).