Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо медонед?

Оё шумо медонед?

Оё румиён иҷозат медоданд, ки шахси ба монанди Исо мехкӯбшударо ба таври шоиста дафн кунанд?

БИСЁРИҲО дар бораи мехкӯб шудани Исо байни ду ҷинояткор шунидаанд (Мат. 27:35–38). Вале дақиқ будани маълумоти Китоби Муқаддас дар бораи он ки Исо баъд аз мехкӯб шуданаш ба таври шоиста ба қабр гузошта шуд, мавриди баҳсу мунозира қарор гирифтааст (Марқ. 15:42–46).

Баъзе мутахассисон шубҳа мекунанд, ки дар асри як ба таври шоиста дафн кардани онҳое, ки дар сутун ҷазо дода мешуданд, иҷозат дода мешуд. Ин мутахасисон мегӯянд, ки он замон бо ҷинояткорон дигар хел муносибат мекарданд. Рӯзноманигоре бо номи Ариел Себер дар як маҷалла нуқтаи назари ин мутахассисонро фаҳмондааст: «Онҳоеро, ки дар салиб мехкӯб карда ҷазо медоданд, румиён пасмондаи ҷомеа меҳисобиданд. Барои ҳамин баъзе мутахассисон ақида доранд, ки румиён ҳаргиз намемонданд, ки ҷинояткори мехкӯбшударо аз рӯйи расму русум дафн кунанд» («Smithsonian»). Сарбозони Рум мехостанд, ки чунин ҷинояткоронро ҳаматарафа паст зананд. Бинобар ин ҷасади онҳоро дар сутун барои лошахӯрон муддате нигоҳ медоштанд, сипас гирифта ба қабри омма мепартофтанд.

Вале дар ин хусус бостоншиносон кашфиёте карданд, ки ҷолиби диққат аст. Соли 1968 дар наздикии Ерусалим дар мақбараи оилавии яҳудӣ устухонҳои марде ёфт шуд, ки дар асри як мехкӯб шуда буд. Дар мақбара он устухонҳо дар даруни қуттие ҷойгир буданд. Дар байни устухонҳо пошнаи пойи он мард низ буд. Ҷолиб аст, ки ин пошна бо мехи 11,5 сантиметра ба чӯбе мехкӯб карда шуда буд. Рӯзноманигор Ариел Себер қайд мекунад: «Ин пошна, ки ба марде бо номи Яҳоконан тааллуқ дорад, исбот мекунад, ки Исо дар ҳақиқат баъд аз мехкӯб шуданаш ба таври шоиста ба қабр гузошта шуда буд». Устухонҳои Яҳоконан инчунин далели он аст, ки дар асри як румиён ба баъзе яҳудиён иҷозат медоданд, ки наздикони мехкӯбшудаашонро мувофиқи расму русуми яҳудиён дафн кунанд.

Албатта, пошнаи Яҳоконан дар мавриди мехкӯб шудани Исо дар сутун боз ақидаҳои гуногунро ба миён овард. Вале маълум гашт, ки дар асри як баъзе ҷинояткорони мехкӯбшударо аз рӯйи расму русум дафн мекарданд ва ҷасадашонро ба қабри омма намепартофтанд. Аз ин бармеояд, ки гуфтаҳои Китоби Муқаддас дар бораи он ки Исоро баъд аз мехкӯб шуданаш ба таври шоиста дафн карданд, аниқу дақиқ мебошанд.

Аз ҳама муҳимаш ин ки чи хеле Яҳува пешгӯйӣ карда буд, Исо бояд дар қабри марди сарватманде гӯронда мешуд. Гуфтаҳои Яҳува бошанд, ҳама вақт иҷро мешаванд (Иш. 53:9; 55:11).