Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Матни дастнависи қадима хонда шуд

Матни дастнависи қадима хонда шуд

Дастнависи сӯхтае, ки соли 1970 дар шаҳри Эн-Геди ёфт шуд, барои хондан имконнопазир буд. Вале олимон ба наздикӣ бо истифодаи сканери махсуси 3-D навиштаҷоти онро хонда тавонистанд. Маълум шуд, ки он қисми китоби Ибодат мебошад, ки дар он номи Худо омадааст

СОЛИ 1970 бостоншиносон дар шаҳри Эн-Геди (Исроил), дар наздикии соҳили ғарбии Баҳри Мурда дастнависеро ёфтанд, ки сӯхта ба ангишт табдил ёфта буд. Онро ҳангоми экскаватор кардан ёфтанд, ки пеш он ҷо ибодатгоҳе буду эҳтимол асри шашуми милодӣ ҳангоми нобуд шудани қишлоқ сӯхта буд. Ҳолати дастнависи ёфтшуда хеле хароб буд ва барои хондан ҳатто онро эҳтиёт карда кушода намешуд. Лекин технологияи нави электронӣ имконпазир гардонд, ки навиштаҷоти он муайян карда шавад. Олимон бо истифодаи сканери махсуси 3-D он дастнависро накушода хонда тавонистанд.

Дар натиҷа онҳо чиро ошкор сохтанд? Маълум шуд, ки он матни Китоби Муқаддас аст. Ҳарчанд аксар ҷойи дастнавис нобуд шуда буд, қисми боқимондааш баъзе оятҳои аввали китоби Ибодатро дар бар мегирифт. Дар он оятҳо номи Худо ба забони ибрӣ, яъне тетраграмматон дида мешуд. Он дастнавис тахминан байни асрҳои як ва чори милодӣ навишта шуда буд. Аз ин бармеояд, ки ин бозёфт баъди дастнависҳое, ки аз Баҳри Мурда (ғори Қумрон) ёфт шуда буданд, дастнависи қадимтарини Навиштаҳои Ибронӣ ба ҳисоб меравад. Рӯзноманигор Гил Зохар дар як рӯзномаи яҳудӣ чунин шарҳ дод, ки то ёфт шудани ин бозёфт байни дастнависҳои вуҷуддошта фарқ қариб 1000 сол буд, ки инҳо дастнависҳои Баҳри Мурда (давраи маъбади дуюм, яъне асри яки милодӣ) ва Кодекси асримиёнагии Алеппо (асри даҳуми милодӣ) буданд («The Jerusalem Post»). Ба ақидаи олимон, дастнависи ёфтшуда нишон медиҳад, ки «ба матни масоретии Таврот дар давоми беш аз ҳазор сол ягон дигаргунӣ дароварда нашудааст ва хатогиҳое, ки котибон ҳангоми нусхабардорӣ роҳ дода буданд, ба мазмуни матн таъсир накардааст».