БУРҶИ ДИДБОНӢ (НАШРИ ОМӮЗИШӢ) Март 2017

Ин нашр мақолаҳои омӯзишӣ аз 1–28 майи соли 2017-ро дар бар мегирад.

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Бо хирадмандон гашта бисёр чизро ёд гирифтам

Дар давоми солҳои хизматаш Уилям Сэмюэлсон соҳиби таъинотҳое шуд, ки ҳам душвор ва ҳам шавқовар буданд.

Киро бояд ҳурмат кунем?

Киро бояд ҳурмат кунем ва чаро? Аз ҳурмат кардани касе шумо чӣ манфиат мегиред?

Хирадмандона қарор қабул кунед!

Баъзе қарорҳои шумо ба ҳаётатон таъсир карда метавонанд. Чӣ ба шумо барои қарори хирадмандона баровардан кӯмак мерасонад?

Аз самими қалб ба Яҳува хизмат кунед!

Подшоҳони Яҳудо, Осо, Еҳӯшофот, Ҳизқиё ва Йӯшиёҳу, ба хатогиҳо роҳ медоданд. Худо гуфт, ки онҳо ба Ӯ аз таҳти дил хизмат мекарданд. Чаро?

Оё дили шумо ба Навиштаҳо моил аст?

Шумо аз хатогиҳои шахсоне, ки дар бораашон дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, дарс гирифта метавонед.

Дӯстӣ дар вақтҳои тангӣ

Шояд баъзан ба дӯстатон ёрдам даркор мешавад, то муносибаташро бо Яҳува барқарор кунад. Чӣ тавр шумо ба ӯ кӯмак карда метавонед?

Бозёфти ном дар кӯзаи қадима

Соли 2012 бостоншиносон пораи кӯзаеро ёфтанд, ки таърихи 3000-сола дошт. Олимон аз ин бозёфт хурсанд шуданд. Барои чӣ?