Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чӣ тавр дуо гӯем, то Худо дуоҳои моро шунавад?

Чӣ тавр дуо гӯем, то Худо дуоҳои моро шунавад?

Яҳува Худо Шунавандаи дуост (Забур 64:3). Мо ба Ӯ дар вақти дилхоҳ ва ҷойи дилхоҳ, бо овоз ё дар даруни дил гап зада метавонем. Яҳува мехоҳад, ки мо ба Ӯ «Падар» гуфта муроҷиат кунем ва Ӯ дар ҳақиқат Падари беҳтарин аст (Матто 6:9). Ӯ аз муҳаббат ба мо таълим медиҳад, ки чӣ тавр дуруст дуо гӯем, то дуоямон мустаҷоб гардад.

БА ХУДО БА ВОСИТАИ НОМИ ҲАЗРАТИ ИСО ДУО ГӮЕД

«Агар ба номи ман аз Падар чизе талаб кунед, Ӯ онро ба шумо медиҳад» (Юҳанно 16:23).

Баъзеҳо фикр мекунанд, ки дар ибодат истифода бурдани расму тасвирҳо ё дар дуо ба забон овардани номи фариштагон, аҷдодони гузашта ва азизу авлиёҳо онҳоро ба Худо наздик мекунад. Лекин Китоби Муқаддас равшан нишон медиҳад, ки мо бояд ба Худо ба воситаи номи Исои Масеҳ дуо гӯем. Вақте мо ба воситаи номи ӯ ба Худо дуо мегӯем, мо нишон медиҳем, ки нақши муҳими Исоро эътироф мекунем. Исо гуфт: «Ҳеҷ кас наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба воситаи ман» (Юҳанно 14:6).

ЧИЗЕ КИ ДАР ДИЛАТОН ҲАСТ, ҲАМОНРО ГӮЕД

«Дилҳои худро ба ҳузури Ӯ холӣ кунед» (Забур 61:9).

Ҳангоми дуо ба Яҳува мо ба Ӯ чун ба падари меҳрубон гап зада метавонем. Ба ҷойи дуоро аз китоби дуоҳо хондан ё чизеро аз ёд карда такрор ба такрор гуфтан, мо бояд бо Худо эҳтиромона ва аз сидқи дил гап занем.

МУВОФИҚИ ХОСТИ ХУДО ДУО ГӮЕД

«Агар чизеро мувофиқи хости Худо пурсем, Ӯ моро мешунавад» (1 Юҳанно 5:14).

Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки Яҳува баҳри мо чӣ кор хоҳад кард ва Ӯ аз мо чӣ талаб дорад. Барои он ки дуоҳои мо ба даргоҳи илоҳӣ қабул шаванд, мо бояд «мувофиқи хости Худо» дуо гӯем. Барои Худоро хубтар шинохтан ва хости Ӯро фаҳмидан омӯзиши Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунад. Хости Ӯро фаҳмида мо ба таври ба Ӯ писанд дуо гуфта метавонем.

ОИДИ ЧӢ ДУО ГУФТА МЕТАВОНЕМ?

Дар бораи эҳтиёҷотатон дуо гӯед. Мо метавонем ба Худо дар бораи ниёзҳои ҳаррӯзаамон, яъне оиди доштани хӯрок, либос ва сарпаноҳ дуо гӯем. Инчунин барои қабул кардани қарорҳои дуруст метавонем аз Худо хирад пурсем ва барои ба душвориҳо тоб овардан қувват талабем. Боз дар бораи қавӣ шудани имонамон ва бахшиши гуноҳҳо дуо гуфтан мумкин аст. Ва дар дуо аз Худо мадад пурсида метавонем (Луқо 11:3, 4, 13; Яъқуб 1:5, 17).

Дар ҳаққи дигарон дуо гӯед. Вақте волидон мебинанд, ки фарзандонашон якдигарро дӯст медоранд, аз ин хеле хурсанд мешаванд. Яҳува низ хеле мехоҳад, ки мо — фарзандони Ӯ дар бораи якдигар ғамхорӣ кунем. Дар ҳаққи ҳамсари худ, фарзандон, хешу табор ва дӯстон дуо гуфтани мо ба Худо писанд аст. Каломи Худо моро ташвиқ мекунад, ки «дар ҳаққи якдигар дуо» гӯем (Яъқуб 5:16).

Ба Худо шукру миннатдорӣ баён кунед. Китоби Муқаддас дар бораи Офаридгори мо чунин мегӯяд: «[Худо] некӣ карда... ба шумо аз осмон борон меборонд ва фаслҳои серҳосил мебахшид, шуморо бо ғизо таъмин менамуд ва дилҳоятонро аз хурсандӣ пур мекард» (Аъмол 14:17). Вақте мо дар бораи ҳамаи корҳое, ки Худованд бароямон кард, мулоҳиза меронем, диламон аз миннатдорӣ лабрез мегардад ва мо дар дуо ба Ӯ шукрона гуфтан мехоҳем. Боз мо бояд миннатдориамонро бо он нишон диҳем, ки аз рӯйи гуфтаҳои Ӯ зиндагӣ кунем (Қӯлассиён 3:15).

ПУРСАБР БОШЕД ВА ДУО ГУФТАНРО БАС НАКУНЕД

Баъзан шояд мо аз сабаби он ки Худо ба дуоҳои самимии мо даррав ҷавоб намедиҳад, зиқ мешавем. Магар хулоса кардан дуруст мебуд, ки Худо нисбати мо бепарвост? Не! Шояд дуо гуфтанро давом додан лозим асту халос. Дуруст будани инро мисолҳои дар поён овардашуда нишон медиҳанд.

Дар аввали мақола дар бораи Стив гуфта будем, ки бовариашро ба дуо гум карда буд. Аммо ӯ иқрор мешавад: «Агар дуо намебуд, ман кайҳо аз ҳаёт дасту диламро мешустам». Чаро ӯ фикрашро оиди дуо дигар кард? Ӯ Китоби Муқаддасро омӯзиш карда фаҳмид, ки дуо гуфтан зарур аст ва одам бояд пайваста дуо гӯяд. Стив мегӯяд: «Ман ба Худо дуо гуфта барои тамоми кӯмаке, ки дӯстони азизам ба ман расонданд, миннатдорӣ баён мекунам. Ҳоло ман аз ҳарвақта дида хушбахттарам».

Боз оиди Ҷенни гуфта будем, ки аз сабаби гуноҳҳои пештарааш фикр мекард, ки Худо дуоҳои ӯро намешунавад. Ӯ мегӯяд: «Вақте худро аз ҳад беқадр ҳис мекардам, аз Худо зораву илтиҷо мекардам, то фаҳмам, ки чаро чунин ҳиссиёт дорам». Чӣ тавр ӯ кӯмаки Худоро ҳис кард? «Бо Худо гап задан ба ман кӯмак расонд, ки ба худ бо назари дуруст нигарам. Ман дарк кардам, ки ҳатто дилам маро маҳкум кунад ҳам, Худо маро маҳкум намекунад. Дуо ҳамчунин ба ман ёрӣ дод, ки ноумед нашавам ва Яҳуваро чун Худои воқеӣ, меҳрубону ғамхор тасаввур кунам. Ман фаҳмидам, ки Ӯ ба ман ҳам Падар ва ҳам Дӯст аст ва то даме ки ман мувофиқи хости Ӯ амал мекунам, Ӯ ба кӯмаки ман ҳамеша тайёр аст».

Ҷерард нигоҳ накарда ба маъюбиаш аз ҳаёт хурсандӣ мегирад. Инро дида модараш Исабел мегӯяд: «Ӯ бузургтарин баракати Худованд дар ҳаётам аст»

Ҳамчунин оиди мисоли Исабел фикр кунед. Вақте ӯ ҳомиладор шуд, духтурон ба ӯ гуфтанд, ки кӯдаке таваллуд мекунад, ки ҷисмаш носолим аст. Ӯ аз ин бисёр ғамгин шуд. Баъзеҳо ба вай ҳатто маслиҳат доданд, ки аборт кунад. «Ман ҳис мекардам, ки аз ғаму ғусса гӯё дилам мекафад»,— мегӯяд ӯ. Исабел чӣ кор кард? «Ман гаштаю баргашта ба Худо дуо гуфта аз Ӯ мадад мепурсидам». Баъд вай писараш Ҷерардро ба дунё овард, ки ӯ маъюб буд. Оё Исабел ҳис мекунад, ки Худо ба дуоҳояш ҷавоб дод? Бале! Ӯ мефаҳмонад: «Ҳоло писари ман 14-сола аст ва ӯ нигоҳ накарда ба маъюбиаш аз ҳаёт хурсандӣ мегирад. Ӯ бузургтарин баракати Худованд дар ҳаётам аст. Вақте ман ба ӯ менигарам, дарк мекунам, ки Худо ба дуоҳои ман ба таври беҳтарин ҷавоб додааст».

Саргузашти шахсони дар боло овардашуда суханони зерини забурнависро тасдиқ мекунанд: «Орзуи фурӯтанонро, эй Яҳува, ту мешунавӣ, дилҳояшонро қувват бахшида, ба онҳо диққат медиҳӣ» (Забур 9:38, ТДН). Суханони ин оят ба мо дилпурӣ мебахшанд, ки дуо гуфтанро бас накунем!

Дар Китоби Муқаддас бисёр дуоҳои ҳазрати Исо оварда шудаанд. Боре ӯ ба шогирдонаш чӣ тавр дуо гуфтанро таълим дода буд, ки он дуои намунавиро аксарият медонанд. Мо аз он дуо чӣ омӯхта метавонем?