Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Хизмат кардан ба Худо давои ӯст!

Хизмат кардан ба Худо давои ӯст!

Вақте ки ду пешравон дар Кения ҳангоми хизмат ба хонае таклиф шуданд, онҳо аз дидани ҷуссаи хурди марде, ки рӯи кат хобида буд, ба ҳайрат омаданд. Бадани ӯ хеле майда ва дастонаш кӯтоҳ буданд. Вақте ки бародарон ваъдаи Худоро оиди он ки «ланг мисли гавазн ҷастухез хоҳад кард» нақл карданд, дар лабони он мард табассуми фарохе пайдо шуд (Иш. 35:6).

Пешравон фаҳмиданд, ки Онесмес марди тақрибан чилсолае аст, ки ба иллати остеопсатироз, яъне бемории модарзодие, ки ҳангоми он устухонҳои одам зудшикан мешаванд, гирифтор аст. Устухонҳои ӯ чунон нозук буданд, ки ҳатто агар касе ҳангоми салом кардан дасташро сахттар фишурад, он метавонист шиканад. Азбаски ин касалӣ муолиҷанашаванда асту ягон хел табобат ҳолати беморро беҳтар карда наметавонад, Онесмес фикр мекард, ки ҳаёти боқимондаашро танҳо бо ин дард ва дар аробачаи маъюбӣ мегузаронад.

Онесмес ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шуд. Лекин, модари ӯ барои ба вохӯриҳои масеҳӣ рафтани писараш зид буд, чунки фикр мекард, ки ин ба ӯ ягон зарар ё дарди иловагӣ мерасонад. Барои ҳамин бародарон барномаи вохӯриҳоро сабт мекарданд ва Онесмес онҳоро дар хона гӯш мекард. Пас аз панҷ моҳи омӯзиш, Онесмес қарор дод, ки қатъи назар аз хатарҳо ӯ ба вохӯриҳо ташриф меорад.

Оё ба вохӯриҳо ташриф овардан дарди Онесмесро зиёд кард? Не, балки ин натиҷаи баръакс дод. Онесмес мегӯяд: «Дарди доимие, ки ман ҳис мекардам, дар давоми вохӯриҳо ба назарам кам мешуд». Ба фикри вай, умеди навпайдокардааш ёрӣ медод, ки ӯ худро беҳтар ҳис кунад. Модари Онесмес дигар шуда истодани рӯҳияи писарашро пай бурда, аз ин чунон хурсанд шуд, ки ӯ ҳам ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шуд. «Хизмат кардан ба Худо давои писари ман аст»,— мегуфт ӯ.

Дере нагузашта, Онесмес воизи таъмиднаёфта гашт. Баъди якчанд вақт ӯ таъмид гирифт ва ҳоло чун ходими ёвар хизмат мекунад. Ҳарчанд Онесмес пойҳояш ва як дасташро кор фармуда наметавонад, вай мехоҳад, ки дар хизмати Яҳува ҳар кори аз дасташ меомадаро кунад. Ӯ мехост пешрави ёвар гардад, лекин барои ин ҷуръат намекард. Чаро? Зеро медонист, ки касе бояд доимо ҳамроҳи ӯ бошад, то ки аробачаи вайро тела диҳад. Вақте ки ӯ ташвиши худро ба ҳамимонон баён кард, онҳо ваъда доданд, ки ӯро дастгирӣ мекунанд. Ба туфайли он ки онҳо аз рӯи ваъдаи худ амал карданд, Онесмес тавонист пешрави ёвар гардад.

Вақте ки Онесмес пешрави доимӣ шудан хост, боз ҳамон фикр ӯро бозмедошт. Лекин боре хондани ояти рӯз барои гузоштани ин қадам ба ӯ далерӣ бахшид. Ин ояти Забур 33:9 буд: «Бичашед ва хоҳед дид, ки Худованд некӯст!» Баъди мулоҳиза рондан оиди ин оят Онесмес қарор дод, ки пешрави доимӣ мешавад. Ӯ ҳоло дар як ҳафта чор рӯз хизмат мекунад ва бо якчанд кас омӯзиш мегузаронад, ки онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ пеш рафта истодаанд. Соли 2010 ӯ дар Мактаб барои пешравон таҳсил кард. Онесмес хеле хурсанд буд, ки таълимдиҳандаи мактаб яке аз он ду бародаре буд, ки бори аввал ба ӯ мавъиза карданд!

Волидони Онесмес вафот карданд, лекин бародарону хоҳарон аз ҷамъомад оиди ниёзҳои ҳаррӯзаи ӯ ғамхорӣ мекунанд. Ӯ барои ҳамаи баракатҳое, ки ҳоло дорад, миннатдор аст ва интизори рӯзест, ки дар он «сокине нахоҳад гуфт: “Ман бемор ҳастам”» (Иш. 33:24).