Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Худо мехоҳад, ки занҳоро ҳурмату иззат кунанд

Худо мехоҳад, ки занҳоро ҳурмату иззат кунанд

ВАҚТЕ ҳазрати Исо дар замин буд, ӯ ба хислату корҳои Падари осмонияш бекамукост пайравӣ мекард. Ӯ гуфта буд: «Ҳеҷ кореро аз пеши худ намекунам, балки он чиро, ки Падар ба ман таълим додааст, ҳамонро мегӯям... Ман ҳамеша корҳоеро ба ҷо меорам, ки ба ӯ маъқул аст» (Юҳанно 8:28, 29; Қӯлассиён 1:15). Бинобар ин аз муносибати Исо бо занон мо фаҳмида метавонем, ки Худо ба занҳо чӣ гуна назар дорад ва аз онҳо чиро интизор аст.

Бисёр олимон бо саргузашти ҳазрати Исо аз Инҷил шинос шуда, ба хулосае омаданд, ки муносибати ӯ бо занон аз муносибати ҳамзамононаш тамоман фарқ мекард. Чаро ин хел гуфтан мумкин аст? Оё таълимоти Исо имрӯз низ ба занон озодӣ мебахшад?

Исои Масеҳ бо занон чӣ тавр муносибат мекард?

Исо ба занон бо дилу нияти пок менигарист. Ба ақидаи баъзе роҳбарони дини яҳудӣ, ҷинси муқобил танҳо шаҳватро бедор мекунад. Аз ин рӯ занон, ки сарчашмаи васваса ба шумор мерафтанд, набояд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо мард гап мезаданд ё сари луч берун мебаромаданд. Лекин Исо ба мардон маслиҳат дода буд, ки лаҷоми нафсашонро кашанд ва ба ҷойи радди маърака кардани занон онҳоро эҳтиром намоянд (Матто 5:28).

Исо ҳамчунин гуфта буд: «Ҳар кӣ аз зани худ ҷудо шуда, зани дигаре гирад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад» (Марқус 10:11, 12). Бо ин суханонаш ӯ таълимоти роҳбарони дини яҳудиро, ки ба мард иҷозат медод «бо ҳар сабаб» аз занаш ҷудо шавад, рад кард (Матто 19:3, 9). Фикри он ки мард метавонад ба зани худ хиёнат кунад, барои аксари яҳудиён бегона буд. Устодони дини яҳудӣ таълим медоданд, ки шавҳар ҳаргиз наметавонад ба зани худ бевафоӣ кунад, зеро танҳо зан хиёнаткор буда метавонад. Дар як тафсири Китоби Муқаддас чунин гуфта шудааст: «Вақте Исо шавҳаронро вазифадор кард, ки онҳо низ аз рӯйи меъёрҳои ахлоқие, ки ба занон дода шудааст, зиндагӣ кунанд, ӯ обрӯву мақоми занонро бардошт».

Таълимоти Исо имрӯз ба одамон чӣ таъсир мерасонад? Дар вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува занон озодона бо мардон суҳбат мекунанд. Онҳо хавотир нестанд, ки касе ба онҳо ношоиста менигарад ё гап мепартояд, зеро мардони масеҳӣ «ба пиразанон чун ба модар ва ба ҷавонзанон чун ба хоҳар, бо дилу нияти пок,» муносибат мекунанд (1 Тимотиюс 5:2).

Исо барои таълими занон вақт ҷудо мекард. Дар ҳоле ки роҳбарони дини яҳудӣ ба занон савод омӯхтанро раво намедиданд, Исо онҳоро таълим медод ва фикру ақидаашонро мепурсид. Боре Исо Марями хоҳари Марторо барои ташнаи дониш буданаш таъриф кард ва нахост, ки ӯро ба хотири хӯрокпазӣ аз имконияти таълим гирифтан маҳрум созад. Бо ин кораш Исо нишон дод, ки ҷойи зан фақат дар ошхона нест (Луқо 10:38–42). Марто низ аз таълими Исо бенасиб намонда буд. Ин аз он маълум аст, ки, вақте ӯ пас аз марги бародараш Лаъзор бо Исо гап зад, ба саволҳои ӯ ҷавоби пухта дод (Юҳанно 11:21–27).

Исо нисбати фикру андешаи занон бепарво набуд. Дар замони ӯ аксар занони яҳудӣ бовар доштанд, ки хушбахтии зан писари обрӯманд доштан, ё аз ин ҳам беҳтар, модари пайғамбар будан аст. Боре як зан аз байни мардум ба Исо гуфт: «Хушбахт аст зане, ки туро зоидаасту шир додааст!» Исо бошад, аз фурсат истифода бурда, ба он зан гуфт, ки чӣ беҳтар аст (Луқо 11:27, 28). Ӯ қайд кард, ки занро итоаткорӣ ба Худо хушбахт мегардонад, на он вазифае, ки ҷомеа барои зан аз ҳама муҳим мешуморад (Юҳанно 8:32).

Таълимоти Исо имрӯз ба одамон чӣ таъсир мерасонад? Ҳарчанд дар вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува Каломи Худоро мардон таълим медиҳанд, онҳо аз шунидани ҷавобҳои занон хурсанд мешаванд. Онҳо занони баркамолро, ки бо рафтору гуфторашон ба дигарон «чизҳои хубро» меомӯзонанд, ҳурмату иззат мекунанд (Титус 2:3). Ҳамчунин занон метавонанд хушхабари Подшоҳии Худоро дар байни мардум паҳн кунанд (Забур 68:11; ба чорчӯбаи саҳифаи 9,  «Оё Павлуси расул гап заданро ба занон манъ кард?», нигаред).

Исо ба занон ғамхорӣ мекард. Дар замонҳои қадим одамон бештар писардор шудан мехостанд. Бинед, ки дар китоби Талмуд дар ин бора чӣ навишта шудааст: «Хушбахт аст марде, ки соҳиби писар аст, вой бар ҳоли марде, ки духтардор аст». Баъзе волидон духтарро дарди сар меҳисобиданд, чунки барояш ҷиҳоз ҷамъ кардану ӯро шавҳар додан лозим буд. Илова бар ин, волидон аз духтарашон умед намекарданд, ки дар пиронсолӣ онҳоро нигоҳубин мекунад.

Исо бошад, нишон дод, ки ҳаёти духтар ҳам мисли ҳаёти писар қадр дорад, зеро на танҳо писари бевазани ноинӣ, балки духтарчаи Ёирро низ зинда кард (Марқус 5:35, 41, 42; Луқо 7:11–15). Ҳамчунин Исо занеро, ки «18 сол боз дар банди рӯҳи нопок» буд, сиҳат карда, ӯро «духтари Иброҳим» номид. Ин ибораест, ки дар навиштаҳои яҳудиён қариб ки дида намешавад (Луқо 13:10–16). Бо ин сухани меҳрубононаву пур аз эҳтиром Исо на фақат ба комилҳуқуқ будани он зан дар ҷомеа, инчунин ба имони бузурги ӯ ишора кард (Луқо 19:9; Ғалотиён 3:7).

Таълимоти Исо имрӯз ба одамон чӣ таъсир мерасонад? Дар Осиё чунин мақол ҳаст: «Духтар — дузди хона, писар — давлати хона». Лекин падари худотарсу меҳрубон ба таъсири ин гуна ақидаҳо дода намешавад. Ӯ ҳам ғами писаронашро мехӯраду ҳам духтаронашро. Волидони худоҷӯ мекӯшанд, ки ҳама фарзандонашон саводи кофӣ дошта бошанд, ва фикри саломатии ҳамаи онҳоро мекунад.

Ҳазрати Исо ба Марями Маҷдалия мегӯяд, ки ба расулон дар бораи зиндашавии ӯ хабар диҳад. Бо ин супориш ӯ ба Марям иззат нишон медиҳад

Исо ба занҳо бовар дошт. Дар додгоҳи яҳудиён шоҳидии занро ба шоҳидии ғулом баробар медонистанд. Таърихнигори асри як Юсуф Флавиюс навишта буд: «Шаҳодати занонро набояд ба эътибор гирифт, зеро онҳо сабукфикру беандешаанд».

Вале назари Исо дар ин бобат тамоман дигар буд. Ӯ маҳз занонро интихоб кард, ки дар бораи зиндашавии ӯ ба дигарон шаҳодат диҳанд (Матто 28:1, 8–10). Ҳарчанд он занони вафодор қатлу дафни ҳазрати Исоро бо чашмони худ дида буданд ва аз ин сабаб онҳоро гувоҳи боваринок ҳисобидан мумкин буд, расулон ба гапи занон, ки Исо зинда шуд, бовар накарданд (Матто 27:55, 56, 61; Луқо 24:10, 11). Вале аввал ба занон зоҳир шуда, Масеҳ нишон дод, ки онҳо низ мисли дигар шогирдонаш арзандаи шаҳодат додан мебошанд (Корнома 1:8, 14).

Таълимоти Исо имрӯз ба одамон чӣ таъсир мерасонад? Дар ҷамоати Шоҳидони Яҳува мардони масъул занонро ҳурмату иззат намуда, суханони онҳоро ба назар мегиранд. Шавҳарони масеҳӣ бошанд, ҳамсарони худро бодиққат гӯш карда, эҳтиромашонро ба ҷо меоранд (1 Петрус 3:7; 1 Мӯсо 21:12).

Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ба хушбахтии занон мусоидат мекунад

Онҳое, ки аз рӯйи маслиҳатҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунанд, занонро иззату эҳтиром мекунанд

Мардоне, ки ба ҳазрати Исо пайравӣ мекунанд, ба занон тавре муносибат менамоянд, ки Худо аз аввал ният дошт: онҳо ҳурмату эҳтироми занонро ба ҷо меоранд ва озодии онҳоро таги по намесозанд (1 Мӯсо 1:27, 28). Шавҳарони масеҳӣ худро аз занон боло намегиранд, балки мувофиқи маслиҳатҳои Китоби Муқаддас амал карда, хушбахтии ҳамсарашонро мехоҳанд (Эфсӯсиён 5:28, 29).

Як мисол меорем. Вақте Елена омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард, ӯ муносибати бераҳмонаи шавҳарашро хапу дам тоқат мекард. Шавҳари ӯ дар муҳити носозгоре ба воя расида буд, ки арӯсдуздӣ ва зӯроварии хонаводагиро як чизи муқаррарӣ меҳисобиданд. Елена мегӯяд: «Чизҳои аз Каломи Худо омӯхтаам маро қувват мебахшиданд. Ман дарк кардам, ки дар олам Оне ҳаст, ки маро дӯст медораду азиз мешуморад ва дар бораам ғамхорӣ мекунад. Ман боз фикр кардам, ки кош шавҳарам ҳам Китоби Муқаддас мехонд, он гоҳ ӯ рафторашро нисбати ман тамоман дигар мекард». Охиру оқибат орзуи Елена ҷомаи амал пӯшид. Шавҳараш ба омӯзиш розӣ шуд ва баъдтар Шоҳиди Яҳува гардид. «Шавҳарам худдориро инкишоф дод ва дигар ба қаҳру ғазаб дода намешавад,— мегӯяд Елена ва хулоса мекунад,— Мо аз таҳти дил бахшидани якдигарро ёд гирифтем. Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас, дар ҳақиқат, кумак карданд, ки оилаи орому осуда дошта бошам ва худро даркорӣ ҳис кунам» (Қӯлассиён 3:13, 18, 19).

Мисли Елена миллионҳо занони масеҳӣ дар издивоҷ хушбахт ҳастанд, чунки ҳамроҳи шавҳарашон кӯшиш мекунанд, ки маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро дар ҳаёти оилавияшон ба кор баранд. Занони худотарс худро дар байни ҳамимононашон орому осуда ва озод ҳис мекунанд, зеро дигарон ҳурмату иззати онҳоро ба ҷо меоранд (Юҳанно 13:34, 35).

Дар баробари ин ҳам занону ҳам мардони масеҳӣ дарк мекунанд, ки инсони гунаҳгоранду камбудиҳои худро доранд ва «тобеи ҳаёти беҳудаву холӣ аз умед» гардидаанд. Лекин бо Худои меҳрубон ва Падари ғамхорашон Яҳува муносибати наздик инкишоф дода, онҳо умед пайдо карданд, ки «аз ғуломии фано озод мешаванд ва чун фарзандони Худо озодии пурҷалолро соҳиб мегарданд». Чӣ умеди олиҷанобе ҳам барои мардону ҳам барои занон! (Румиён 8:20, 21).