Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАВЗӮИ АСОСИИ МАҶАЛЛА | ЧӢ ТАВР АЗ ХОНИШИ КИТОБИ МУҚАДДАС ФОИДАИ БЕШТАР ГИРЕМ?

Чӣ тавр хонишро сар кунам?

Чӣ тавр хонишро сар кунам?

Чӣ ба шумо кумак карда метавонад, ки хониши Каломи Худоро шавқовар гардонда аз он манфиат гиред? Ба панҷ маслиҳате диққат кунед, ки ба бисёриҳо кумак карданд.

Муҳити мувофиқ муҳайё созед. Ягон ҷойи ором ёбед. Бигзор ҳангоми хониш ягон чиз ҳушатонро парешон насозад. Равшанӣ ва ҳавои тоза низ кумак мекунад, ки аз хониш ҳарчи бештар манфиат гиред.

Ақлу дилатонро омода созед. Азбаски Китоби Муқаддас Каломи Падари осмониамон аст, барои аз он манфиати бештар гирифтан, шумо бояд мисли кӯдаке бошед, ки бо омодагӣ аз волиди меҳрубонаш таълим гирифтан мехоҳад. Агар шумо дар бораи Каломи Худо назари нодуруст дошта бошед, кӯшиш кунед, ки бо нияти соф онро хонед, то аз Худо таълим гирифта тавонед (Забур 25:4).

Пеш аз хондан дуо гӯед. Дар Китоби Муқаддас фикрҳои Худо навишта шудаанд, аз ин рӯ барои фаҳмидани он мо ба кумаки ӯ ниёз дорем. Худо «ба онҳое, ки аз ӯ мепурсанд, рӯҳи муқаддас медиҳад!» (Луқо 11:13). Рӯҳи муқаддас ба шумо кумак мекунад, ки фикрронии Худоро фаҳмед. Бо гузашти вақт рӯҳи муқаддас ба шумо «ҳатто фикрҳои чуқуртарини Худоро маълум месозад» (1 Қӯринтиён 2:10).

Ба чизи хондаатон сарфаҳм равед. Ҳарчи бисёр хонам гуфта саросема нашавед. Ҳангоми хониш пайваста мулоҳиза ронед. Ба худ чунин савол диҳед: «Қаҳрамоне, ки дар борааш хонда истодаам, чӣ гуна хислатҳо дорад? Ман ин маълумотро чӣ тавр дар ҳаёти худ ба кор бурда метавонам?»

Мақсадҳои аниқ монед. Барои аз хониши Калом фоида гирифтан мақсад монед, то чизҳои хондаатон ҳаёти шуморо беҳтар гардонанд. Масалан, чунин мақсад монда метавонед: «Ман мехоҳам дар бораи Худо бештар дониш гирам. Ман мехоҳам шавҳар, зан ё инсони хуб шавам». Сипас китобҳоеро аз Калом интихоб кунед, ки шуморо ба мақсадатон мерасонанд a.

Ин панҷ маслиҳат ба шумо ёрӣ медиҳанд, ки хониши Каломи Худоро сар кунед. Вале боз чӣ тавр хонишро шавқовар кардан мумкин? Дар мақолаи навбатӣ якчанд маслиҳати дигар оварда шудааст.

a Агар худатон китоби мувофиқро ёфта натавонед, Шоҳидони Яҳува бо дилу ҷон ба шумо кумак мекунанд.