Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Пеши назар ор

Пеши назар ор

Боргирӣ:

  1. 1. Зиндагӣ гаштаст шодикуш.

    Кай бинем боз як рӯзи хуш?!

    Чашм пӯшу бинмо тасаввур

    Даврони тинҷу серу пур.

    (Нақарот)

    Пеши назар ор: дунё зебост,

    Мо боз ҷавонему тан тавоност.

    Бо ёру дӯстон занем дами беғам.

    Гӯем шукронаи ҳар рӯзи нави хуррам.

  2. 2. Асло ҳеҷ садо нашнидам,

    Гаштааст нури чашмам кам.

    Кай бинам субҳи чашмнавоз,

    Бишнавам кабки хушовоз?!

    (Нақарот)

    Пеши назар ор: дунё зебост,

    Мо боз ҷавонему тан тавоност.

    Бо ёру дӯстон занем дами беғам.

    Гӯем шукронаи ҳар рӯзи нави хуррам.

    (Пайваст)

    Дил мекашад озод пар занам

    Аз ин қафаси дарду ғам.

    (Нақарот)

    Пеши назар ор: нест ғаму сӯз,

    Шодиву шавқ афзояд рӯз ба рӯз.

    Пеши назар ор: давонӣ оҳувор

    Бар сабзаи тари марғузор.

    (Нақарот)

    Пеши назар ор: дунё зебост,

    Мо боз ҷавонему тан тавоност.

    Бо ёру дӯстон занем дами беғам.

    Гӯем шукри ҳар рӯзи хуррам.