Гузаштан ба маводи асосӣ

Мактаби пешравон дар ибодатгоҳи Самбир (дар боло) ва мактаби дигар дар таҳхонае дар шаҳри Житомир (дар поён)

1 ФЕВРАЛИ 2023
УКРАИНА

ХАБАРҲОИ ОХИР № 16 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

Мактаби пешравон аз нав гузаронида мешавад

ХАБАРҲОИ ОХИР № 16 | Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

Аз 26-уми декабри соли 2022 пешравони доимӣ ва пешравони махсус дар ҷойҳои бехатари Украина дар мактаби пешравон таҳсил карданд. Вазъияти маҳалро ба назар гирифта баъзеҳо ба ҷое, ки мактаб мегузашт, мерафтанд, баъзеи дигар ба воситаи барномаи Zoom пайваст мешуданд. Нигоҳ накарда ба бомбаборон, набудани барқ, душвориҳои иқтисодӣ ва бад будани алоқаи Интернет хоҳару бародаронамон дар ин мактаб таҳсил карданд. Дар натиҷа, муҳаббаташон ба Яҳува зиёдтар шуду имонашон ба ӯ қавитар гашт.

Хоҳарон дар вақти набудани барқ якҷоя ҷамъ шуда ба воситаи барномаи Zoom дар мактаби пешравон иштирок карда истодаанд. Онҳо баъзе таҷҳизоти электрониро бо батарея истифода бурда истодаанд

Наталия аз Кривой Рог мегӯяд: «Мактаби пешравон бароям мисли чанбари наҷот буд. Он ба ман кумак кард, ки некбин бошам ва ба тарсу хавотириҳоям дода нашавам». Анастасия, ки аз шаҳри Черновтси аст, чунин мегӯяд: «Мактаб маро дилпур кард, ки ман барои Яҳува азиз ҳастам. Соли гузашта пур аз воқеаҳои даҳшатнок буд, барои ҳамин ин мактаб бароям чизе буд, ки ба он сахт ниёз доштам. Мактаби пешравон ба ман қувват бахшид, то аз ин пас ҳам барои ба даст овардани баракатҳои Яҳува мубориза барам».

Вақте Светлана ном пешраверо аз шаҳри Китсман ба мактаби пешравон таклиф карданд, ӯ ба ғаму ташвиш афтод. Хоҳар мефаҳмонад: «Ман ба Яҳува дар бораи хавотириҳоям, аз ҷумла дар бораи душвориҳои иқтисодиям, гап задам. Ман пурра ба ӯ такя кардам ва аз ин ягон зарра пушаймон нашудам. Яҳува ба ман муҳаббату ғамхорияшро ҳаматарафа нишон дод». Кӯшишҳои Светланаро дида, шавҳараш, ки Шоҳиди Яҳува нест, ба вохӯриҳо рафтанро сар кард.

Аз сабаби набудани Интернет Виктория ба истгоҳи наздиктарини метро омада, ба мактаби пешравон пайваст шудааст

Дар вақти мактаб аз сабаби садо додани бонги хатар ду бор пешравони Житомир маҷбур шуданд, ки дар таҳхона паноҳ ёбанд. Онҳо бо ҳезум алов карда хонаро гарм карданд ва дарсашонро давом доданд. Ба ин душвориҳо нигоҳ накарда Валентина, ки каме пеш ба шаҳри Житомир кӯчида буд, мегӯяд: «Ман ҳеҷ гоҳ ин мактабро фаромӯш намекунам. Он вақт ман худро зери қаноти Яҳува ҳис кардам».

Вақте пешравон аз Украина фаҳмиданд, ки меъёри соаташон кам шудааст, мисли бародару хоҳарони дигар мамлакатҳо беҳад хурсанд шуданд. Баъди шунидани ин эълон Юлия чунин гуфт: «Муҳаббати Яҳува дар дилам ҷӯш зад. Ин саҳар ба Яҳува дуо гуфта, зорӣ кардам, ки барои давом додани хизматам кумак кунад. Ман намедонистам, ки ӯ ба дуоям чӣ тавр ҷавоб медиҳад, лекин дилпур будам, ки ҳатман ҷавоб медиҳад. Баъди он ки дар бораи кам шудани меъёри соат фаҳмидам, миннатдориям барои ҳама корҳое, ки ӯ бароям мекунад, дучанд шуд. Ин хабари нав дар охири мактабамон мисли ширинии бамаза буд».

То 24-уми январи соли 2023 бародарон аз Украина ба мо чунин ҳисобот фиристоданд. Ададҳое, ки ин ҷо оварда шудаанд, зиёдтар буда метавонанд, чунки бо тамоми минтақаҳои мамлакат дар алоқа будан душвор аст.

Маълумот дар бораи бародару хоҳарон

  • 47 воиз вафот кард.

  • 97 воиз осеб дид.

  • 8953 воиз хонаву дари худро тарк карда, ба минтақаҳои бехатари давлат гурехтанд.

  • 590 хона вайрон карда шуд.

  • 645 хона зарари калон дид.

  • 1722 хона каме зарар дид.

  • 8 ибодатгоҳ вайрон карда шуд.

  • 17 ибодатгоҳ зарари калон дид.

  • 76 ибодатгоҳ каме зарар дид.

Кумак ба осебдидагон

  • 26 кумитаи ёрӣ ба осебдидагон дар Украина амал мекунад.

  • 46 хона таъмир карда шуд.

  • 5 ибодатгоҳ таъмир карда шуд.

  • 54 445 бародару хоҳарро дар минтақаҳои бехатар ҷойгир карданд.

  • 27 655 воиз ба дигар мамлакатҳо гурехтанд ва аз тарафи ҳамимонон ба онҳо кумак расонда шуд.