Гузаштан ба маводи асосӣ

Магар Шоҳидони Яҳува одамонро маҷбур мекунанд, ки динашонро дигар кунанд?

Магар Шоҳидони Яҳува одамонро маҷбур мекунанд, ки динашонро дигар кунанд?

Не, мо ин тавр намекунем. Дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ»-и мо, дар мақолаи «Набояд одамонро маҷбур кард, ки динашонро дигар кунанд» a ин мавзӯъ муҳокима шудааст. Мо бо сабабҳои зерин одамонро маҷбур намекунем:

  • Исо ҳеҷ гоҳ одамонро маҷбур намекард, ки таълимоти ӯро қабул кунанд. Ӯ медонист, ки ба таълимоти вай миқдори ками одамон шавқ зоҳир мекунанд (Матто 7:13, 14). Вақте ки бо суханони Исо баъзе шогирдонаш розӣ нашуданд, ӯ онҳоро маҷбурӣ пайрави худ накард ва ба рафтани онҳо низ монеъ нашуд (Юҳанно 6:60–62, 66–68).

  • Исо ба расулонаш таълим медод, ки одамонро барои дигар кардани эътиқодашон маҷбур накунанд. Баръакс, онҳо бояд одамонеро меҷустанд, ки хабари Салтанатро гӯш мекарданд (Матто 10:7, 11–14).

  • Касеро маҷбуран ба дини худ даровардан бефоида аст. Зеро Худо ҳамон вақт ибодати одамонро қабул мекунад, агар онҳо аз таҳти дил Ӯро парастиш кунанд (Такрори Шариат 6:4, 5; Матто 22:37, 38).

Оё мо одамонро ба дини худ медарорем?

Ба туфайли фаъолияти мо хушхабари Китоби Муқаддас «то гӯшаю канори замин» мавъиза карда шудааст. Мувофиқи суханони Каломи Худо мо «ҳам дар пеши мардум ва ҳам хона ба хона» мавъиза мекунем (Аъмол 1:8; 10:42; 20:20). Баъзан моро чун масеҳиёни асри як айбдор мекунанд, ки гӯё дину мазҳаби ғайриқонуниро паҳн мекунем (Аъмол 18:12, 13). Вале ин гуна айбдоркуниҳо беасосанд. Мо ҳеҷ касро маҷбур намекунем, ки эътиқоди моро қабул кунад. Баръакс, ба ақидаи мо ҳар як шахс бояд дониш гирад, то ки интихоби дуруст карда тавонад.

Мо одамонро маҷбур намекунем, ки эътиқодашонро дигар кунанд, ё бо баҳонаи дин ба сиёсат даст намезанем, ё ин ки бо пулу мол одамонро ба дини худ ҷалб намекунем. Бо ин мо аз он одамоне, ки худро масеҳӣ меноманду бо чунин корҳо машғул шуда, ҳазрати Исои Масеҳро шарманда мекунанд, фарқ мекунем b.

Оё одам ҳақ дорад, ки динашро дигар кунад?

Ҳазрати Иброҳим дини аҷдодиашро, ки бутпарастӣ буд, тарк кард

Бале. Мувофиқи Китоби Муқаддас одамон ҳақ доранд, ки динашонро дигар кунанд. Дар он оиди одамоне нақл карда мешавад, ки дини аҷдодонашонро тарк карда бо хоҳиши худ ибодат кардани Худои яккаву ягонаро интихоб намуданд. Масалан баъзе аз онҳо ҳазрати Иброҳим, Рут ва баъзе аз сокинони Атино ва Павлуси расул мебошанд (Еҳушаъ ибни Нун 24:2; Рут 1:14–16; Аъмол 17:22, 30–34; Ғалотиён 1:14, 23). Илова бар ин Каломи Худо мегӯяд, ки одам ҳақ дорад, ҳатто интихоби нодуруст карда ибодатеро, ки писанди Худо аст, тарк кунад (1 Юҳанно 2:19).

Ҳуқуқи дигар кардани дин дар Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар тасдиқ карда шудааст. Созмони Миллали Муттаҳид ин санадро чун асоси стандартҳои байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мешуморад. Дар ин Эъломия гуфта шудааст, ки ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки дину эътиқоди худро дигар кунад ва маълумотро ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намояд. Аз он ҷумла фикру ақидаҳои диниро низ c. Албатта, ин суханон ба дигарон ҳуқуқ медиҳад, ки фикру ақидаи худро дошта бошанд ва бо ин ё он ақида розӣ нашаванд.

Оё бо дигар кардани эътиқоди худ мо ба урфу одатҳои аҷдодонамон беҳурматӣ мекунем?

Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки ҳамаи одамонро новобаста аз дину ойинашон бояд ҳурмат кард (1 Петрус 2:17). Илова бар ин Шоҳидони Яҳува ба амри «падару модаратро иззату ҳурмат кун» итоат мекунанд, ҳатто агар волидонашон эътиқоди дигар дошта бошанд ҳам (Эфсӯсиён 6:2, 3).

Аммо на ҳама бо суханони Китоби Муқаддас розианд. Зане ки дар Замбия ба воя расидааст, чунин мегӯяд: «Агар дар маҳалли ман ягон кас динашро дигар кунад... рафтори вай нисбати оила ва ҷамъият чун хиёнат ҳисоб мешавад». Ин зан бо чунин душворӣ дар наврасии худ, вақте ки омӯзиши Китоби Муқаддасро бо Шоҳидони Яҳува сар кард, дучор шуд. Дар натиҷа, он зан қарор кард, ки дину эътиқодашро дигар мекунад. Ӯ мегӯяд: «Волидонам борҳо гуфтанд, ки онҳоро хеле ранҷонидам ва аз ман сахт хафа шуданд. Шунидани ин суханон ба ман хеле дардовар буд. Охир розигии волидонамро ба даст овардан бароям муҳим аст. [...] Ба Яҳува содиқ монданам, маънои онро надорад, ки ман ба оилаи худ хиёнат кардам» d.

a Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1-уми январи соли 2002, саҳифаи 12, сархати 15 нигаред.

b Тахминан соли 785-и эраи мо Карли Кабир фармоне баровард, ки мувофиқи он дар давлати Саксония нисбати шахсоне, ки таъмид гирифтан намехостанд, ҳукми қатл бароварда мешуд. Соли 1555-ум бошад, дар Империяи Руми қадим байни давлатҳои мухолиф дар Аугсбург созишномаи сулҳ баста шуд. Мувофиқи ин созишнома ҳар як ҳокими давлат бояд дини католикӣ ё лютерантиро интихоб мекард ва ҳама шаҳрвандони он вазифадор буданд, ки он динеро, ки ҳоким интихоб мекунад, қабул кунанд. Онҳое, ки ба ин розӣ намешуданд, маҷбур буданд, ки ватанашонро тарк кунанд.

c Ин гуна ҳуқуқро Эъломияи Амрико оид ба ҳуқуқ ва ӯҳдадории инсон, Оинномаи Арабистон оид ба ҳуқуқи инсон соли 2004, Оинномаи Африқо оид ба ҳуқуқи башар, Эъломияи АСЕАН (Ассотсиатсияи давлатҳои Ҷанубу Шарқии Осиё) оид ба ҳуқуқи инсон, Конвенсия оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии умумӣ, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ кафолат медиҳад. Ҳарчанд давлатҳо арз мекунанд, ки ин гуна ҳуқуқҳоро кафолат медиҳанд, лекин дар фароҳам овардани он ақидаҳои гуногун доранд ва маҳдудиятҳо ҷорӣ мекунанд.

d Мувофиқи Китоби Муқаддас номи худои ҳақиқӣ Яҳува мебошад.