Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ДУНЁ НООРОМ АСТ

4 Умеди худро қавӣ нигоҳ доред

4 Умеди худро қавӣ нигоҳ доред

ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ?

Аз сабаби нооромии ин ҷаҳон одамон аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ зарар мебинанд. Дар чунин муҳит бисёр касон аз оянда ноумед мегарданд. Ин ҳолат чӣ тавр ба онҳо таъсир мекунад?

  • Баъзе одамон дар бораи оянда ҳатто фикр кардан намехоҳанд.

  • Дигарон барои ғаму ташвишро фаромӯш кардан даст ба шароб ё нашъа мезананд.

  • Баъзеҳо мегӯянд, ки «аз чунин ҳаёт марг беҳтар аст», барои ҳамин дар бораи худкушӣ фикр мекунанд.

Маълумоти муфид

  • Баъзе мушкилиҳое, ки доред, муваққатианд ва ногаҳон роҳи ҳалли худро ёфта метавонанд.

  • Ҳатто агар вазъиятатон тағйир наёбад, шумо барои истодагӣ кардан чораҳои заруриро андешида метавонед.

  • Дар Китоби Муқаддас ваъда дода шудааст, ки мушкилиҳои одамизод пурра бартараф мегардад.

Чораҳое, ки андешида метавонед

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ҳеҷ гоҳ ғами фардоро нахӯред, зеро фардо ғаму ташвишҳои худро дорад. Ташвиши имрӯза барои ҳамин рӯз басанда аст» (Матто 6:34).

Дар бораи фардо ғам нахӯред. Нагузоред, ки ташвишу хавотирӣ дар бораи фардо шуморо аз иҷрои корҳои имрӯза боздорад.

Дар бораи чизҳои нохуше, ки рӯй доданашон ба гумон аст, аз ҳад зиёд ташвиш хӯрдан аҳволатонро бадтар мегардонад ва шумо ба ояндаи нек умедатонро гум мекунед.

Китоби Муқаддас умеди ҳақиқӣ мебахшад

Дар замонҳои қадим як хизматгори Худо чунин дуо гуфта буд: «Каломи ту чароғ аст барои поям ва рӯшноист барои роҳам» (Забур 119:105). Дар бораи Каломи Худо ин тавр гуфтан меарзад. Барои чӣ?

Чи хеле ки чароғ дар шаби торик пеши поямонро равшан мекунад, ба ин монанд хираде, ки дар Китоби Муқаддас ҳаст, ҳангоми қабули қарори душвор моро роҳнамоӣ мекунад.

Рӯшноӣ кумак мекунад, то бинем, ки дар пеш чӣ аст. Ҳамин тавр Китоби Муқаддас ба мо ёрӣ медиҳад, то фаҳмем, ки моро чӣ гуна ояндаи нек интизор аст.