Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дунё ноором аст. Худро ҳифз намоед

Дунё ноором аст. Худро ҳифз намоед

Оё ҳис мекунед, ки мушкилиҳое, ки пеш дар бораашон танҳо мешунидед, акнун шахсан ба ҳаёти шумо таъсир мерасонанд? Оё дар ҷое, ки зиндагӣ мекунед, мушкилиҳои зерин дида мешаванд?

  • ҷангҳо

  • вабоҳо

  • офатҳои табиӣ

  • камбағалӣ

  • бадгумонӣ

  • ҷинояткорӣ

Вақте нохушиҳо рӯй медиҳанд, бисёр одамон аз ҷиҳати равонӣ осеб мебинанд ва ноумед мегарданд. Баъзеҳо бошанд, ҳангоми сар задани мушкилӣ ба ҳама чиз бефарқ мешаванд. Бояд гуфт, ки, агар чунин ҳолат дер давом ёбад, аҳволи шахс аз будаш бадтар мегардад.

Бинобар ин дар замонҳои ноором муҳим аст, ки наздиконамонро муҳофизат кунем. Саломатӣ, манбаи даромад ва хушбахтии худро нигоҳ дорем.

Пас, чӣ кор кунем, то мушкилиҳои ин ҷаҳон моро аз по наафтонанд?