Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ӯ «дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем»

Ӯ «дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем»

Ба Худо наздик шавед

Ӯ «дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем»

«МАН бовар намекардам, ки Яҳува метавонад маро пурра бахшад ва ман фикр мекардам, ки ин бор тамоми умр бар дӯши ман хоҳад буд». Чунин навишт як масеҳизан дар бораи хатоҳои дар гузашта кардаи худ. Дар ҳақиқат, ҳисси гунаҳкорӣ як бори хеле гарон аст. Лекин дар Китоби Муқаддас суханони тасаллибахше ҳастанд, ки онҳо дарди гунаҳкорони тавбакардаро сабук карда метавонанд. Дар бораи суханони дар Забур 102:8–14 навиштаи Довуди забурнавис фикр кунед.

Довуд медонист, ки «Худованд раҳим» аст ва моро «ба сурати абадӣ мазаммат намекунад» (оятҳои 8–10). Вақте ки Худо барои зоҳир кардани раҳмдилӣ ягон асос меёбад, Ӯ инро аз таҳти дил ва бо омодагӣ мекунад. Довуд, шоири суханвар, се мисоли гуногунро истифода бурда ба таври зебо нишон медиҳад, ки Худо нисбати мо то чӣ андоза раҳмдил аст.

«Ба андозае ки осмон аз замин баланд аст, эҳсони Ӯ бар тарсгоронаш ба ҳамон андоза бузург аст» (ояти 11). Вақте ки мо шабона ба осмон нигоҳ мекунем, дар ақли мо намеғунҷад, ки масофаи байни осмон ва замин то чӣ андоза дур аст. Бо ин роҳ Довуд моро ба раҳмдилии бузурги Яҳува, ки бо эҳсони Ӯ алоқамандии зич дорад, эътимод мебахшад. Чунин раҳмдилиро «Ӯ бар тарсгоронаш» зоҳир мекунад. Ба ақидаи як олим «тарсгорон»–и Худо ҳамон шахсонеанд, ки «фурӯтанона ва пурра ҳокимияти Ӯро эътироф мекунанд».

«Ба андозае ки шарқ аз ғарб дур аст, ҷиноятҳои моро ба ҳамон андоза аз мо дур кардааст» (ояти 12). Ба маъное шарқ ҳамеша ба масофаи имконпазир аз ғарб дур аст; онҳо ҳеҷ гоҳ ба ҳам пайваст намешаванд. Мувофиқи суханони як олим ин ибора «то ба андозаи имконпазир дур; то ба дараҷаи тасаввуршаванда дур» буданро мефаҳмонад. Довуд ин ҷо ба мо мегӯяд, ки вақте ки Худо гуноҳҳои моро мебахшад, Ӯ онҳоро ба андозае дур мекунад, ки фақат тасаввур карданаш мумкин аст.

«Чунон ки падар ба фарзандон марҳамат мекунад, ончунон Худованд ба тарсгорони Худ марҳамат менамояд» (ояти 13). Довуд, ки худаш падар буд, медонист, ки падари пурмеҳр дар дил чӣ ҳис мекунад. Чунин падар ба фарзандонаш дилсӯз аст, хусусан вақте ки онҳо ягон дард эҳсос мекунанд. Довуд моро боварӣ мебахшад, ки Падари пурмеҳри осмониамон ба фарзандони заминиаш раҳму марҳамат зоҳир мекунад, хусусан вақте ки дили аз гуноҳ пушаймони онҳо «шикаста ва залил» мегардад (Заб. 50:19).

Баъди овардани се мисол Довуд мефаҳмонад, ки чӣ Яҳуваро бармеангезад, ки ба одамони нокомил раҳм зоҳир кунад. Довуд мегӯяд: «Ӯ сиришти моро медонад: дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем» (ояти 14). Яҳува медонад, ки мо офаридаҳои хокӣ ҳастем ва заифиву камбудиҳо дорем. Яҳува табиати гунаҳкоронаи моро ба инобат мегирад ва агар мо аз таҳти дил пушаймонӣ зоҳир кунем, Ӯ бо омодагӣ гуноҳи моро мебахшад (Заб. 85:5).

Оё суханоне, ки Довуд дар бораи раҳмдилии Яҳува гуфт, ба дили шумо таъсир мекунанд? Зане, ки суханонаш дар аввали мақола оварда шуда буд, чуқур омӯхт, ки Китоби Муқаддас дар бораи ба бахшидан тайёр будани Яҳува чӣ мегӯяд ва ӯ чунин гуфт: «Ман акнун ҳис карда истодаам, ки дар ҳақиқат ба Яҳува наздик шуда метавонам ва гӯё бори гароне аз дӯши ман сабук шуд» *. Оё шумо дар бораи раҳмдилии Худо ва дар бораи он ки чӣ тавр онро дар худ ҳис карда метавонед бештар фаҳмидан намехостед? Эҳтимол шумо низ он гоҳ ҳис мекунед, ки бори гароне аз дӯшатон сабук мешавад.

[Эзоҳ]

^ сарх. 9 Ба китоби «Ба Яҳува наздик шавед» (рус.), ба боби 26 — «Худое, ки ба бахшидан тайёр аст», нигаред (нашри Шоҳидони Яҳува).

[Чорчӯба дар саҳифаи 27]

«Ман акнун ҳис карда истодаам, ки дар ҳақиқат ба Яҳува наздик шуда метавонам ва гӯё бори гароне аз дӯши ман сабук шуд»