Гузаштан ба маводи асосӣ

Оё Шоҳидони Яҳува танҳо дини худро ҳақиқӣ меҳисобанд?

Оё Шоҳидони Яҳува танҳо дини худро ҳақиқӣ меҳисобанд?

Шахсоне ки ба эътиқоди худ ҷиддӣ муносибат мекунанд, бояд боварӣ дошта бошанд, ки динашон ба Худо писанд аст. Вагарна диндории онҳо чӣ маънӣ дорад?

Баъзеҳо ақида доранд, ки бисёр дину равияҳо ба сӯи наҷот мебаранд. Аммо Китоби Муқаддас ин фикрро дастгирӣ намекунад. Дар он ҷо гуфта шудааст: «Зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад ва ёбандагони он кам ҳастанд» (Матто 7:14). Шоҳидони Яҳува боварӣ доранд, ки роҳи ҳаётро пайдо кардаанд. Дар акси ҳол онҳо дини дигарро меҷустанд.